Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:30

Вазири маорифи Тоҷикистон ба Амиров супориш дод, ки моҳе як маротиба аз вазъи муассисаҳо гузориш диҳад

7 декабр 2011, 09:14

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯдакӣ дидан кард.


Тавре Сиддиқ Муборак, сухангӯи ин вазорат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ин муассисаи таълимӣ дар шароити на он қадар хуби омодагӣ ба зимистонгузаронӣ қарор дорад. Имсол зимистон нисбати солҳои қаблӣ барвақттар омад ва махсусан, дар ин рӯзҳои боронӣ вазъи боми ошхона, хобгоҳ ва толори варзишӣ хароб буда, боми он мечакад: «Баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда муовини вазири маориф Ф. Исмонов супориш гирифт, ки давра ба давра бо ҷалби сармояҳои хориҷии мавҷуда дар ин самт чораҷӯӣ намояд».

Ҳамчунин, вазири маориф бо омӯзгорон ва хонандагон вохӯрӣ намуда, дар робита бо таклифу пешниҳодҳои онҳо дар мавриди нарасидани китобҳои дарсӣ ва таҷҳизоти таълимӣ супоришҳои мушаххас дод. Ба мудири бахши муассисаҳои интернатӣ ва таҳсилоти иловагӣ Ҷалолиддин Амиров эрод гирифта, супориш дод, ки моҳе як маротиба аз муассисаи номбурда ва дигар мактаб-интернатҳо дидан карда, вобаста ба вазъи таълимӣ ва маишияшон ба вазири маориф гузориш пешниҳод намояд.

Манбаъ афзуд, Абдуҷаббор Раҳмонов аз гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С. Пушкин   дидан карда, инчунин бо корҳои сохтмону тармими бинои филиали Донишкадаи фӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе аз наздик ошно шуда, аз сохтмончиён талаб намуд, ки то 15-уми декабри ҳамин сол корҳоро ба анҷом расонанд, то ин ки баъди 20-уми декабр имкони қабули донишҷӯён фароҳам ояд. Ҳамчунин роҳбарияти  муассиса вазифадор гардид, ки ҳамкориро бо шарикони русиягии худ пурзӯр карда, маводҳои зарурии таълимиро ҳарчӣ зудтар дастрас намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!