Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:10

Гардиши мол миёни Тоҷикистону Хитой беш аз 570 миллион $-ро ташкил дод

7 декабр 2011, 09:25

Имрӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи дуюми зеркомиссияи «Тоҷикистон ва ноҳияи мухтори Синзян Уйғур» дар назди комиссияи байниҳукуматии ин ду кишвар оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисоди баргузор гардид.


Аз вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки мақсад аз баргузории ин ҳамоиш рушди муносибатҳои Тоҷикистону Хитой ва баррасии ҳамкориҳои ҷорӣ ва минбаъда мебошад. Дар ин нишаст ҷониби Тоҷикистонро Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо ва тарфи Хитойро Ши Даган, муовини раиси ноҳияи мухтори Синзян- Уйғури ҷумҳурии мардумии Хитой роҳбарӣ менамуданд.

 

Манбаъ иттилоъ дод, ки зимни ҷаласаи мазкур ҷонибҳо бештар ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷӯҳ намуда, муҳимияти ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати дорусозӣ, бунёди инфрасохтор, сайёҳӣ, саноати сабук , фарҳанг, тандурустӣ, соҳаи бонкӣ ва суғурта қайд намуданд. Гузашта аз ин, дар ин нишасти байниҳукуматӣ масъалаҳои вобаста ба фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук низ мавриди баррасӣ қарор гирифт, афзуд манбаъ.

Маврид ба ёдоварист, табодули амвол миёни Тоҷикистону Хитой дар 10 моҳи ахири соли равон 570,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!