Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:59

Эмомалӣ Раҳмон аз Фахробод дидан кард

23 май 2011, 05:32

Дирӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъи Фахрободи ноҳияи Хуросон дидан кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур ҷаноби Раҳмон аз рафти бунёди боғу токзор аз наздик шинос гардид. Маврид ба тазаккур аст, ки минтақаи Фахробод солҳои пешин бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияташ дар Тоҷикистон машҳур буд. Тайи ду соли охир бо супориши бевоситаи президент, барқарорсозии боғу токзори харобгаштаи он дубора оғоз ёфта, ҳоло идома дорад. Давоми соли 2010 ва нимаи аввали соли равон аз ҷониби аҳли хоҷагии «Асадулло», ки дар қисмате аз хоҷагии пешини Фахробод таъсис ёфтааст, аллакай дар майдони 601 га боғу токзор бунёд гардидааст ва 600 нафар мутахассисону боғпарварони маҳаллӣ соҳиби кору маоши доимӣ гаштанд. Интизор меравад, бо афзоиши майдони боғҳо ҳудуди 1000 нафар соҳиби ҷойи кор шаванд.

 

Гуфта мешавад, дар мавзеъи Фахробод, 11 намуди ангур парвариш меёбад ва минбаъд дар ин мавзеъ 21 навъи ин мева  рўёнда хоҳад шуд. Ба ҷузъ ин, дар 355 га навъҳои содиротии себ, нок, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, олуча, чормағз, бодом, анҷир, анор, тут, писта, биҳӣ ва лиму, дар 198 га токзори нав ва қариб 50 га дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шудаанд. Хоҷагӣ дар 30 га ҳамчунин қитъаи ниҳолпарварӣ дорад ва мекўшад, ки худ ва дигар хоҷагиҳои боғу токпарвариро бо навниҳолҳои хушсифат таъмин намояд.Натиҷаи кори  роҳбарияти хоҷагӣ аст, ки ҳоло барои ду сол захираи ғалладона ва хӯроки чорво доранд. Соли гузашта ба ҳар як мутахассису аъзои хоҷагӣ ғайр аз маоши моҳона аз 500 то 1100 килограмӣ гандуми истеъмолӣ додаанд.

Тавре маълум шуд, боғу токзор ва зироатҳои обталаби ин мавзеъ бо истифода аз технологияҳои муосир ба тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. Барои ин аллакай 2 млн. 200 ҳазор метр лўлаи махсуси обёрии қатрагӣ дастрас карда шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!