Бахшҳо

ИМА дар ҳеч як кишвари Осиёи Марказӣ пойгоҳи низомӣ сохтанӣ нест

Ахиран, сафорати ИМА дар Тоҷикистон матни сӯҳбати Роберт Блейк, ёвари котиби давлатии ин кишвар бо хабарнигоронро, ки пас аз мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки рӯзи 3-юми декабр иттифоқ афтода буд, мунташир кард.


Ҷаноби Блейк бо суханони «Ба ҳамаатон шом ба хайр» бриффинги матбуотиашро шурӯъ карда иброз доштааст, ки ҳоло ман бисёр ҳам мулоқоти судманд бо президент Раҳмон доштам: «Ман дар давоми якчанд рӯзи охир дар Осиёи Марказӣ будам, аввалан дар Туркманистон ва баъдан дар Қирғизистон дар маросими савгандёдкунии президент Атамбаев иштирок кардам. Ҳамзамон, баъди ташрифи бомуваффақияти Котиби давлатӣ Ҳиллари Клитон ман намехостам фурсати ба Тоҷикистон омаданро аз даст диҳам. Президент Раҳмон ва ман аз имконият истифода бурда, оид ба доираи васеъи масоили рӯзномаи дуҷонибаамон сӯҳбат кардем. Ман президентро дар бораи омодагӣ ба конфронси бисёр ҳам муҳими Бонн, ки рӯзи душанбе 5-уми декабр баргузор мегардад, ошно сохтам. Ин ба ҷомеаи байналмилилӣ имконият медиҳад, ки дастгирии қавии худро ҷиҳати амният ва инкишофи мардуми Афғонистон иброз намояд. Ман инчунин ба Тоҷикистон сипосгузории Иёлоти Муттаҳидаро барои ҳамаи кӯшишҳояш дар самти расидан ба ин ҳадафҳо изҳор менамоям. Ман ҳамчунин нисбати Тоҷикистонро дар Бонн намояндагӣ намудани Вазири корҳои хориҷӣ Зарифӣ, ки ин сатҳи олии дастгирии Точикистонро аз ин раванд инъикос менамояд, изҳори миннатдори кардам.  Акнун ман омодаам ба як ё ду саволатон посух диҳам.

Матни комили пурсишҳои журналистон ва посухҳои Блейк

Суол: Оё Ҳукумати ИМА нақшаи доштани ягон пойгоҳи низомӣ дар Афғонистон баъд аз берун овардани қувваҳои коалитсионӣ аз Афғонистон дорад ва инчунин бо назардошти вазъияти сиёсии ҳозираи байни ИМА ва Покистон, оё шумо нақшаи кушодани ягон пойгоҳи низомӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ доред?

Ҷавоб: Оид ба саволи вазъият дар Афғонистон, мо дар бораи он, ки ҳузури низомии мо дар Афғонистон пас аз анҷоми интиқоли масъулияти амниятӣ соли 2014 чӣ тавр хоҳад буд, бо хукумати Афғонистон музокира дорем.  Оиди кушодани пойгоҳи низомӣ дар Осиёи Марказӣ, мо чандин бор таъкид кардем, ки нияти ҳузури дарозмуддати ягон   пойгоҳи низомиро дар Осиёи Марказӣ надорем.

Савол: Оё шумо ягон лоиҳаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА - ро оид ба дастгирии Афғонистон муҳокима кардед?

Ҷавоб: Бале, мо оид ба бисёр лоиҳаи иқтисодӣ гуфтушуниди хеле хуб доштем ва барои тамоми корҳои муҳиме, ки Точикистон бо мақсади рушди тиҷорат бо Афғонистон ва инкишофи интиқоли қувваи барқ анҷом дода истодааст, хеле сипосгузорем. Ин қисми хеле пурарзиши  ҳадафҳои дарозмуддати мо мебошад ва ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон ҷиҳати тақвият додани интегратсияи минтақавӣ ва рушди тиҷорат бо Афғонистон ҳадафҳои дарозмуддати худро дорад, ки барои субот дар ин давлат кӯмак хоҳанд кард.

Сабти видеоӣ дар YouTube: https://youtu.be/SNL0DTz7VNI

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)