Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

Ҳалокати як масъули ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

8 декабр 2011, 09:26

Сониҳаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе мунҷар ба марги як масъули ҳукумати  ноҳияи Шоҳмансур гардид.


Тавре аз аз дафтари матбуотии ВКД ба «Озодагон» иттилоъ доданд, шоми дирӯз, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Шаани»  Зафар Маҳмадиевӣ 30 сола, истиқоматкунандаи рустои «Себистон»-и ноҳияи Данғара , аснои ҳаракат дар кӯчаи Айнӣ ба самти кӯчаи Зебунисо, дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматии №223 суръати ҳаракати воситаи нақлиётро баланд намуда, пиёдагард Тоҷиддин  Шамсови 44 сола, истиқоматкунандаи  кӯчаи Ҳисор, мутахассиси шӯъбаи савдои ҳукумати ноҳияи Шоҳмансурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!