Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:53

Нахутствазири Русия аз интиқоди ИМА «интиқод» кард

9 декабр 2011, 03:34

Владимир Путин, нахуствазири Русия Амрикоро ба барангехтани эътирозҳои пасоинтихоботӣ дар кишвараш муттаҳам кард, аммо Кохи Сафед инро қабул надорад.


Тибқи иттилои расонаҳо, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон дар нишасти хабарӣ дар ситоди НАТО дар Брюссел дар иртибот ба ин қазия гуфтааст: “Мо нигарониҳои худро аз шеваи баргузории интихобот баён кардем, ки фикр мекунем, заминаҳои кофӣ доранд. Ва мо аз ҳаққу ормонҳои мардуми рус ба пешрафт ва бунёди ояндаи беҳтар барои худашон ҳимоят мекунем ва мо умедворем, ки иҷрои онҳоро дар солҳои оянда бубинем.”

Маврид ба тазаккур аст, ки изҳороти Клинтон дар ҳоле садо медиҳад, ки сарвазири Русия, Владимир Путин, ИМА-ро ба ташвиқи эътирозҳои пасоинтихоботӣ дар Русия айбдор кардааст. Дар нахустин паёмаш роҷеъ ба тазоҳуроти ҳаррӯзаи мухолифон, ки аз тақаллуб дар раъйшуморӣ эътироз мекунанд, Путин гуфт, вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон ба фаъолони Русия “сигнал додааст”.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!