Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:04

Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамкориашро бо “Россотрудничество” тақвият мебахшад

9 декабр 2011, 04:51

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф семинари методии омӯзгорони фанни забони русӣ сурат пазируфт.


Сиддиқ Муборак, сухангӯи дафтари матбуотии ВМ зимни ташреҳи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, семинари мазкур дар доираи ҳамкории вазорати маорифи кишвар бо хадамоти “Россотрудничество”-и ФР тайи се рӯз дар Душанбе идома дошт.

Манбаъ афзуд, ҳадафи ташкил ва гузаронидани семинар баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбӣ, муносибати навин ба фан, истифода аз компютер ва технологияи навин дар дарсҳои забон ва адабиёти рус мебошад. Дар семинар мутахассисони варзидаи донишгоҳҳои Русия, устодони донишкадаву донишгоҳҳои кишвар, муаллимони фанни забони русӣ аз шаҳру навоҳии Душанбе, Варзоб, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, инчунин хатмкунандагони факултаҳои забон ва адабиёти руси ДМТ, ДДЗТ ба номи С. Улуғзода, ДДОТ ба номи С.Айнӣ ширкат доштанд. Лекторон оид ба мавзӯъҳои актуалӣ, аз қабили дар дарсҳо истифода бурдани равандҳои коркарди электронии маводди омӯзишӣ, мушкилоти умдаи грамматикаи забони русӣ, одоби муошират дар дарсҳо ва ғайра баромад намуданд.

-Дар анҷоми кори семинар вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов нисбати такмил ва омӯзиши фанни забони русӣ, китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии муаллимон тавассути семинарҳо ибрози андеша намуд,-гуфт Сиддиқ Муборак. Инчунин президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон И. Каримова, намояндаи “Россотрудничество” дар Тоҷикистон С. Киселёв ба корҳои минбаъдаи омӯзгорон, иштирокчиён, муваффақият таманно намуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!