Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:55

Милисаи Суғд мехоҳад аз экстремистшавии донишҷӯён ҷилав бигирад

9 декабр 2011, 05:27

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти намояндагони раёсати корҳои дохила ва раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят бо донишҷӯён баргузор шуд.


Ҷилавгирӣ аз  омилҳои номатлуби иҷтимоӣ байни донишҷӯён, аз қабили ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ аз аҳдофи аслии ин нишаст арзёбӣ гардид.

Подполковники милиса Сӯҳроб Ахмедов зимни суханронии худ аз вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят тӯли ёздаҳ моҳи соли равон маълумот дод ва таъкид кард, ки вақтҳои охир аз ҷониби донишҷӯён низ ҳуқуқвайронкунии ҷиноӣ зиёд ба назар мерасад.

Ҳамчунин намояндаи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Аҳрорхон Хоҷаев ҷавононро барои пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ байни донишҷӯён ва иштироки фаъолона ба корҳои ҷамъиятӣ даъват кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!