Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:39

Боз як заминфурӯшро дастгир карданд

9 декабр 2011, 06:49

Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Исфараи вилояти Хатлон шаҳрванд, Азизов Ҳ.-и 54 сола бо ҷурми қалобӣ дастгир шуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, ӯ сокини ҷамоати  Сурх буда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Баҳром Бобоеви 55- сола, сокини кӯчаи Бинокорон, собиқ муовини раиси ноҳияи Исфара, моҳи январи соли 2010 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Шералиева М., сокини кӯчаи Садои Шарқ, даромада барои 0,6 сотих қитъаи замин аз мавзеи «Сомониён» ва 1 сотих аз деҳаи  Офтобрӯяи ноҳия аз ӯ 44000 сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудаанд. Феълан нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!