Бахшҳо

Бонкҳои Тоҷикистон интиқоли пулро аз Русия зараровар эълом доштанд

Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон айни ҳол ба зарари бонкҳои хизматрасони Тоҷикистон сурат гирифта истодааст.


Ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон»,  Лаълбек Лаълбеков, раиси Ассосиатсияи бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон изҳор дошт. Ба гуфтаи Лаълбеков ҳаққеро, ки айни ҳол бонкҳои Тоҷикистон зимни интиқоли маблағ аз Русия гирифта истодаанд, барои пӯшонидани хароҷоти онҳо кифоя нест. Лаълбеков ҳаҷми ҳаққи бонкҳои Тоҷикистонро 0,5 фойиз дар бархе то 0,7 фойиз аз маблағи ирсолшуда арзёбӣ кард.Гуфта мешавад, ки бонку сохторҳои Русия аз вобастагии Тоҷикистон аз маблағҳои интиқолнамуда сӯйистифода карда, ҳаққи бонкҳои кишварамонро рӯз ба рӯз коҳиш дода истодаанд, зеро медонанд, ки бонкҳои Тоҷикистон маҷбуранд ҳар шарти гузоштаашонро таҳаммул намоянд.

Лаълбеков, ҳаҷми ҳаққи хизматрасониҳои бонкро кори дохилии ҳар бонк номида, афзуд, ки барои ҳалли мушкил зарур аст, то бонкҳои кишвар бо шарикони хориҷиашон, масъулини низомҳои интиқоли пулӣ гуфтушунид намоянд: «Ҳар бонк бо масъулини ҳар низоми интиқоли пули ҳамкорашон созишнома дорад, ки дар он ҳаққи ҳар ду ҷониб муайян мешавад. Аниқ кардан лозим аст, ки шарикони хориҷӣ чи қадар ҳақ мегиранд. Агар ду фойиз бошад, як фойиз аз онҳо ва як фойиз бояд аз бонкҳои мо бошад. Мо дар ин маврид аллакай ба шарикони хориҷӣ муроҷиат кардем».

Айни ҳол дар Тоҷикистон низомҳои интиқоли пули «Мигом», «Юнистрим», «Лидер», «Анелик», «Мони грамм», «Вестерн юнион» ва ғайраҳо фаъолият доранд, ки дар муддати кӯтоҳ ва бо фойизҳои паст хизмат расонда истодаанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)