Бахшҳо

Тоҷикистон барои сайёҳати туристони кампул мувофиқ аст

Портали маъруф дар бораи сайёҳат ва сайёҳон - «Lonely Planet»  барои нафароне, ки мехоҳанд дар соли нави 2012 бо хароҷоти кам сайругашти шавқовар дошта бошанд, маслиҳат медиҳад, ки ба Тоҷикистон сафар намоянд.


«Lonely Planet»  дар паи омӯзиши хароҷоти сайёҳон Тоҷикистонро ба қатори се минтақаи арзонтарини ҷаҳон ворид кардаст, ки сайругашт дар он маблағи зиёдро тақозо намекунад. Масъулини «Lonely Planet»  изҳор медоранд, ки дар Тоҷикистон имкон дорад ба ивази 300 доллар мошинро барои чанд рӯз кироя намуда, аз кӯҳҳои Помир, сарҳади Афғонистон ва чандин ёдгориҳои қадима дидан намуд.

 

Масъулини Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон»  изҳор доштанд, ки таи чанд соли охир барои содда ва камхарҷ кардани воридоти сайёҳон ба кишвар чандин иқдом амалӣ шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ хироҷи раводид то 25 доллар фуроварда шудаст ва агар сайёҳ онро дар фурудгоҳ дастрас намояд, 33 доллар арзиш хоҳад дошт: «Пардохтпулии парки миллӣ ва сайёҳати кӯҳӣ дар Тоҷикистон лағв гардид. Шаҳрвандони 80 кишвари дунё, аз ҷумла 27 кишвари Аврупо метавонанд, раводиди Тоҷикистонро аз фурудгоҳ дастрас намоянд. Сайёҳон дар давоми 30 рӯз аз қайдгирии ҳатмӣ дар мақомоти корҳои дохила озод шудаанд».

Тибқи иттилои Кумита соли гузашта ба Тоҷикистон 160 ҳазор ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 110 ҳазор сайёҳ ташриф овардаанд. Масъулини Кумита ният доранд таввассути камхарҷу соддагардонии воридот ва таъмини будубоши осоишта, то соли 2020 –ум шумораи сайёҳонро дар Тоҷикистон ба як миллион нафар расонанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)