Бахшҳо

Имсол амнияти парвоз дар дунё боло рафтааст, ба ҷуз аз кишварҳои ИДМ

Асосиатсияи ҷаҳонии нақлиёти ҳавоӣ дар гузориши нави худ, таъкид мекунад, ки тайи 11 моҳи соли ҷорӣ амнияти парвозҳои ҳавоӣ ба ғайр  аз кишварҳои ИДМ дар минтақаҳои дигари ҷаҳон беҳтар шудааст.


Тибқи иттилои ин созмон, тайи 11 моҳи соли равон адади садамаҳои ҳавоӣ ва ҳолати фавт дар муқоиса бо нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 50 фойиз коҳиш ёфтааст ва ин яке аз беҳтарин нишондодҳо дар таърихи ҳавонавардӣ маҳсуб меёбад.

Гюнтер Мачниг, ноиби президенти Асоссиатсияи ҷаҳонии нақлиёти ҳавоӣ изҳор медорад, ки имсол то аввали моҳи ҷорӣ 22 садамаи ҳавоии маргбор ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷа 486 нафар ҷони худро аз даст додаанд.  Дар ҳамин давраи соли гузашта дар 23 садама 786 нафар фавтидаанд. Асоссиатсия, ки  248 ширкати ҳавоии ҷаҳонро, ки 84 фойизи ҳамлу нақли ҳавоиро иҷро мекунанд, дар бар гирифта, дар гузориши наваш эълон медорад, ки нишондоди бехатарии парвоз имсол дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон ба истиснои кишварҳои ИДМ поён рафтаст.  Нишондоди бехатарӣ дар ИДМ имсол нисбат ба соли 2010 –ум аз зинаи 7,05 то 11,15 боло рафтааст.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон чанде пеш як гурӯҳ мусофирон аз вазъи техникии нақлиёти ҳавоии кишвар, ки бисёрашон ҳанӯз истеҳсоли замони шӯравӣ астанд, тавассути номаи кушод изҳори нигаронӣ карда буданд.

Аммо масъулини ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ташвиши бархе аз  мусофиронро беасос хонда, изҳор медоранд, техникаашон ба меъёрҳо ҷавобгӯй аст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)