Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

Серию пурӣ дар Тоҷикистонро хитоиҳо ба зиммаи худ гирифтанд

10 декабр 2011, 06:36

Ягона роҳе, ки Чин метавонад барои таъмини серию пурӣ дар Тоҷикистон мусоидат кунад, ин ҳамкорӣ дар бахши хоҷагии қишлоқ дар дохили Тоҷикистон,  татбиқи технология ва таҷрибаи мутахассисони чинӣ аст.


Ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон», Муталлиб Суфӣ, масъули бахши департаменти савдои назди сарҳадии ноҳияи Шинҷони Чин изҳор дошт. Вай имкони содироти маҳсулоти тайёри озуқавориро аз Чин ба Тоҷикистон хеле маҳдуд арзёбӣ кард, зеро ба гуфтаи ӯ давлати Чинро зарур аст, ки наздики 2 миллиард аҳолиашро сер кунад ва ин кори осон нест. Бино ба ин дар содироти маҳсулоти тайёри  озуқаворӣ дар кишвари мо маҳдудиятҳо ҷорӣ гардидаанд. Муталлиб Суфӣ татбиқи технологияю таҷрибаи чиниро дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ояндадор номид, ки ба гуфтаи ӯ метавонад барои таъмини амнияти  озуқавории Тоҷикистон хизмат кунад.

Дар ин робита, масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки аллакай бо Чин оиди ба ихтиёри кишварзони ин кишвар додани як миқдори замини шӯру бекорхобидаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби кишоварзони маҳаллӣ истифода намешаванд, мувофиқа шудааст.Техникаю таҷрибаеро, ки мутахассисони чинӣ ният доранд, дар заминҳои Тоҷикистон истифода намоянд, имкон медиҳад, ки дар муддати панҷ соли минбаъда амнияти озуқавории кишвар таъмин гардад.  Дар ҳоли ҳозир амнияти озуқавории Тоҷикистон яке аз осебпазиртаринҳо маҳсуб ёфта, асосан аз ҳисоби маҳсулоти воридотӣ таъмин мегардад.  Ин ва дигар самтҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин, зимни сафари ҳайати воломақоми ноҳияи Шинҷон, ки рӯзе пеш дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!