Шӯрои инқилоби Сурия охири ҳафтаи сипаришуда изҳор дошт, ки дар соатҳои аввали тазоҳуроти зиддидавлатии мухолифони Башшор Асад 15 нафар ба зарби тири неруҳои низомӣ кушта шуданд.
Фаъолони сиёсии режими Сурия ҷумъаи ин ҳафтаро ба номи «Ҷумъаи корпартоӣ барои каромати инсон» номгузорӣ карданд.Бар асоси гузориши мухолифони давлатӣ, қарор аст, аз имрӯз корпартоии умумӣ мактабу донишгоҳҳо, коркунони давлатӣ ва марокизи тиҷоратии Сурияро фаро бигирад.Шӯрои инқилоби Сурия дар гузориши охири худ аз баргузории тазоҳурот дар ағлаби шаҳрҳои Сурия аз ҷумла дар Димишқ, Давмо, Сабқо, Дайруззур, Даръо ва Ҳимс хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, Шӯро дар баёнияе аз ҷомеаи байналмилалӣ хостааст аз ғайринизомиёни шаҳри Ҳимс ҳимоят кунанд. Ин Шӯро вазъияти шаҳри Ҳимсро фоҷиабор хонда, аз нозирони байналмилалӣ ва араб хостааст авзоъро зери назар дошта бошанд.
Мӯҳр