Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:49

Китоби адиби тоҷик Усмон Назир дар шаҳри Бишкек бо 6 забон ба нашр расид

14 декабр 2011, 04:44

Бо ибтикори сарвари Ройзании фарҳангии ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҳусайн Обидинӣ  ва ташаббуси сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Асомуддин Саидов дар шаҳри Бишкек китоби олим, шоир, рўзноманигори шинохтаи тоҷик, хайёмшинос, номзади илмҳои суханшиносӣ Усмон Назир таҳти унвони «Рубоиёти Умари Хайём» (нусхаи Бодлеюн-Кембриҷ) бо шаш забон (тоҷикӣ, форсӣ, русӣ, ўзбакӣ, англисӣ, қирғизӣ) бо теъдоди якуним ҳазор нусха аз чоп баромад.


Матни тарҷумаҳо ба қалами шоирону донишмандон Е.Ҳ.Винфилд (англисӣ), Ш.Шомуҳаммадов (ўзбакӣ), В.Державин (русӣ), Кубанчибек Басилбек (қирғизӣ, аз забони русӣ) мансуб аст. Мақолаи ба тарҷумаи худ соли 1965 навиштаи тарҷумони рус Владимир Державин низ дар китоб ҷой дорад. Мақолаи таҳиягар муаллифу муратиби рубоиёт Усмон Назир «Нигоҳе ба мактаби адабии Хайём» пурмўҳтаво буда, мактаби адабӣ доштани аллома Умари Хайём ва пайравони ўро илман ва бо далелҳо таъйин ва муайян намудааст.

Маврид ба ёдоварист, моҳи ноябри соли равон (2011)  нашриёти «Адиб»-и Тоҷикистон низ китоби нави шоир Усмон Назири Оташро бо унвони «Ҳазору як рубоӣ» аз чоп баровард, ки 1001(ҳазору як) рубоии муаллифро фарогир аст.

Зимнан, ба ифтихори 100-солагии Мирзо Турсунзода ва 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон нашриёти «Шуҷоиён» китоби Усмон Назири Оташро  бо номи «Шоир!» ба нашр расонд. Китоб бо пешгуфтори мураттибу муаллиф Оташ зери унвони «Парвози шаҳбози сухан» (Мирзо Турсунзода - шоири ғазалсаро) ва беҳтарин намунаҳои ашъори ғазалвораи ў нашр гардида буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!