Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:29

Ансамбли «Яр» ва гурӯҳи рақсии "La Nati Flamenco" дар меҳмонии душанбегиҳо

12 декабр 2011, 12:05

Консерти ансамбли фолклории «Яр» ва гурўҳи рақсии "La Nati Flamenco" аз Федератсияи Русия дар театри ба номи А.Лоҳутӣ рӯзи 13 декабри соли равон    баргузор мешавад.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, консерти мазкурро муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Агентии федеролӣ оид ба умури кишварҳои ИДМ ва ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ «Россотрудничество» ташкил кардаанд. Барномаи ансамбли фолклории «Яр» тарғибгари сурудҳои халқӣ, анъана, урфу одатҳо ва эҷодиёти мардуми рус мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ансамбли фолклории «Яр» дорандаи ҷойизаи Гран-прии  нахустҷашнвораи санъати миллии "Хранители наследия России", ҷоизаи Гран-прии фестивали 6-уми санъат "Вдохновение", барандаи ҷоизаи фестивал - озмуни байниминтақавии фолклории "Песни родной стороны" ва ғайра аст. Гурўҳи рақсии "La Nati Flamenco" яке аз беҳтарин иҷрокунандаи рақси испании фламенго дар Федератсияи Русия буда, бо барномаҳои ҷолиб ба кишварҳои зиёде сафари ҳунарӣ намудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!