Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:33

Кӯлоб: Қарз аз маош барои муаллимону табибон вуҷуд надорад

13 декабр 2011, 11:28

Дар шаҳри Кӯлоб бо ба роҳ мондани тарзи дурусти корбарӣ маоши коргарони муассисаҳои тандурустиву маориф сари вақт ва бе ягон қарз пардохт мегардад.


Тибқи иттилои Бахтиёр Назаров, сардори раёсати молияи мақомоти иҷроияи шаҳр, дар 10-моҳи имсол музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 8-миллиону 746 ҳазору 448 сомонӣ, соҳаи тандурустӣ 5-миллиону 654 ҳазору 004 сомонӣ ва соҳаи фарҳанг 601 ҳазору 210 сомониро ташкил додааст, ки ба миқдори беш аз 99-фоиз маблағгузорӣ гаштаанд.  Назаров мегӯяд,  раёсати молия кӯшиш мекунад, ки маоши ин кормандони ин бахшҳо сари вақт пардохт гардад. Замони ахир бо иҷрои барзиёди нақшаи ҷамъоварии андози давлатӣ хазинаи буҷаи маҳаллӣ ҳам ғанӣ мегардад ва дар ҳамин маврид, маблағгузории ташкилотҳои буҷавӣ низ сари вақт  зиёд мегарданд.

 

Гузашта аз ин, барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ маблағгузорӣ барои гармидиҳӣ дар фасли сармо  низ дар соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, ки дар маҷмӯъ 192.300 сомонӣ будааст, аллакай 100-фоиз таъмин гаштааст. Ҳамзамон, ба гуфтаи Назаров, кормандони раёсати молия баъди пардохти маблағ барои зимистонгузаронӣ, ба муассисаҳо рейди махсус мегузаронанд, то маблағи ҷудошуда дар ҳамин самт равона бошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!