Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:50

Даъвогари севвуми курсии президентии Русия ҳам маълум шуд

13 декабр 2011, 05:09

Михаил Прохоров, яке аз миллиардерҳои Русия эълом кардааст, ки дар интихоботи президентии ин кишвар бо Владимир Путин, нахуствазири феълӣ вориди рақобат хоҳад шуд.


Ӯ дар як нишасти матбуоти, ки рӯзи гузашта сурат пазируфт, аз ҷумла гуфт: "Ман тасмим гирифтам. Ин шояд ҷиддитарин тасмим дар зиндагии ман бошад. Ман дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунам. Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Русия қаблан Прохоров ният дошт дар интихоботи Думаи давлатӣ- палатаи поёнии парлумони ФР ба унвони номзад аз ҳизби «Кори ҳақ» (Правое дело) ширкат кунад. Аммо дар пайи як нофаҳмӣ аз раҳбарии ин ҷунбиш канор рафт ва аз тасмимаш худдорӣ варзид. Баъдан ӯ эълом дошт, ки: "Ин созмонро ғосибон гирифтаанд" ва Владислав Сурков, муовини райиси дастгоҳи президентро омили ин вазъ хонд.

Ҳамчунин, Михаил Прохоров дар нишасти хабарии созмонёфта гуфт, пас аз интихобот ҳизби наверо дар Русия таъсис медиҳад. Ёдрас менамоем, то ин замон Владимир Путин, нахуствазири ФР ва сарвари ҳаракати Ҷабҳаи Халқӣ (Народний фронт), Сергей Миронов,райиси ҳизби «Русияи боадолат» (Справедливая Россия) эълом дошта буданд, ки дар интихоботи президентӣ ба ҳайси номзад ширкат хоҳанд кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!