Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 01:53

Дипломати норвегӣ дар ҳузури Рустам Назаров

14 декабр 2011, 05:42

Рустам Назаров, сарвари Агентии назорат аз болои маводи нашъадор имрӯз Даг Малмер Ҳалворсен, сафири Норвегия дар Тоҷикистонро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.


Тавре аз агентии мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ҷаноби Ҳалворсен ба вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир карда, аз мусоҳибаш дар ин маврид посухи мушаххас гирифт.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, директори агентӣ ба пуштибонии ҳукумати Норвегия аз мубориза бо маводи мухаддир баҳои баланд дод. Вай сафири Норвегияро бо вазъи нашъа ва қочоқи он дар минтақа, фаъолиятҳои агентӣ ва дигар мақомоти солоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ шинос намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ пешниҳодҳое дар заминаи ҳамкориҳо дар доираи САҲА, ҳамчунин самтҳои ҷудогонаи фаъолиятҳо бо ҳукумати Норвегия ироа шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!