Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:49

Данғара: Ҳалокати як ноболиғ дар деҳаи Себистон бар асари садама

14 декабр 2011, 06:16

Сарозер шудани сабукрави тамғаи «Дэу Нексӣ» ба чуқурии 100 метр мунҷар ба марги як ноболиғи 5-сола гардид.


Тавре аз РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд,   сарнишини нақиёти мазкур Бахтиёр Гурезови 26- сола аснои ҳаракат аз самти Кӯлоб ба   шаҳри Душанбе дар километри 76-уми роҳ, дар деҳаи Себистони Данғара аз сабаби ях будани роҳ идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, автомашинаро ба чуқурии 100 метр чаппа мекунад. Дар натиҷа, мусофири ноболиғ Анушер Қурбонови 5- сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар макони ҳодиса қурбон мешавад. Мусофирони дигар, Лутфия Калоноваи 27- сола ва Ғариб Қурбонови 2-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 4 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайваста, дар пайи он 1 нафар ба ҳалокат расида, 6 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!