Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:25

Бозпурсии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба таъхир афтод

14 декабр 2011, 08:18

Бозпурсии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозиии мусулмонони Тоҷикистон ба фардо,   15-уми декабр вогузор шуд.


Дар ин бора номбурда аснои як сӯҳбати телефонӣ бо хабаргузории «Озодагон» иброз дошт. Бино ба қавли ӯ, чанд рӯз қабл раиси Кумитаи дини Ҷумҳурии Тоҷикистон, райиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва райиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ба Прокуратураи шаҳри Ваҳдат нисбати Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аризаи даъвогӣ навиштаанд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода афзуд, рӯзи гузашта бародарам- Нуриддинҷон ба додситонии шаҳри Ваҳдат даъват гардида, мавриди бозпурсӣ қарор гирифт ва имрӯз мебоист маро бозпурсӣ мекарданд.

Ёдрас менамоем, ин қазия аз рӯзи 2-юми декабр шурӯъ гардид. Он замон дар масҷиди «Муҳаммадия»-и маҳаллаи Туркободи шаҳри Ваҳдат, ки имомхатибии онро Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, яке аз дигар бародарони эшон ба зимма дорад, аз шаҳодати Имом Ҳусайн- набераи Муҳаммад пайғамбар (с) ёдоварӣ карданд. 6-уми декабр бошад, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баёнияе интишор кард, ки дар он аз аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом интиқоди шадид мешуд. Шӯрои уламо гуфт, як чунин маросими барои аҳли суннат "бегона" барои мусулмонони Тоҷикистон пайомадҳои ногувор дар пай дорад. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад карда иброз дошт, ки ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид.

Ҳамзамон, бо гузашти чанд рӯз, аниқтараш рӯзи ҷумъаи 9-уми декабр, Абдураҳим Холиқов, райиси Кумитаи дини назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода, райиси Шӯрои маркази исломии Тоҷикистон ва Анвари Вайсиддин, райиси шаҳри Ваҳдат ба ин масҷид ташриф оварданд, аммо ба гуфти онҳо аз ҷониби эшон гарм истиқбол нашудаанд ва нисбати масъулини ҳукумат беэҳтиромӣ зоҳир карда шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!