Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:13

6 миллион доллари Русия барои кӯмак ба ниёзмандони Тоҷикистон масраф мегардад

15 декабр 2011, 11:03

Русия барои кӯмак ба хонандагони бархе аз макотиб, табақаҳои ниёзманд ва аҳолии камбизоати Тоҷикистон ва қишри осебпазири ҷомеаъ аз ҳаводиси табиӣ ҳудуди 6 миллион доллар ҷудо кардааст.


Ин маблағ аз тариқи Барномаи Ғизои СММ дар Тоҷикистон ба ниёзмандон расонда хоҳад шуд. Дар баёнияи дафтари душанбегии Барномаи Ғизои СММ омадааст: “Ин кӯмак замоне ирсол шуд, ки хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон бо афзоиши қимати маводи ғизоӣ рӯбарӯ ҳастанд. Ин кӯмаки молӣ ба иҷрои тарҳҳои Барномаи Ғизои СММ барои таъмини иҷтимоӣ ва коҳиши таъсири афзоиши нархи маводи ғизоӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Гуфта мешавад, ин кӯмак ба хонаводаҳои камбизоат барои гузарондани моҳҳои сарди зимистон кӯмак мерасонад. Тибқи ин баёния, тарҳи “Ғизо барои мактабҳо” аз бузургтарин пружаҳои Барномаи ғизои СММ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва 370 ҳазор ё 67 дар сади шогирдони мадорис дар манотиқи рустоии кишварро фаро мегирад.Афзун бар ин, ин ниҳод ба 130 ҳазор нафар дар навоҳии аз ҳаводиси табиӣ осебдидаи вилоёти Суғд, Хатлон, Бадахшон ва водии Рашт ва ба 52 ҳазор нафар аз мубталоён ба бемории сил ва хонаводаи онҳо маводди ғизоӣ тавзеъ хоҳад кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!