Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:59

Кӯлоб: Ҳалокати ду ҷавони мӯъминободӣ бар асари як ҳодисаи нохуш

15 декабр 2011, 06:28

Бар асари як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон 2  нафар курбон  шуданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, ронандаи трактори тамғаи «МТЗ-82», ки ба шаҳрванд Бозоралӣ Азимови 50- сола, сокини  ҷамоати Туту, деҳаи Туту таалуқ  дорад, ҳангоми ҳаракат дар байни деҳаи  Кулдамон-Навруша дар минтақаи ноҳамворӣ, ки барои ҳаракати воситаи нақлиёт пешбинӣ нашудааст, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиётр набаромада, аз баландии 2-метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофирон  Тоҷиддин Холбоеви 27- сола, сокини  ҷамоати Боғгаӣ, деҳаи Чуқурқишлоқ ва  Бахтиёр Валиеви 26 сола, сокини ҷамоати Боғгаӣ, деҳаи  Боғгаӣ, чароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!