Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:07

Элизабет Йегле: Ман ҳеч гоҳ зидди эҳдоси Роғун набудаам, иттилоъи Ӯзбакистон асоси воқеъӣ надорад

15 декабр 2011, 07:15

“Маълумоти паҳннамудаи ҷониби Ӯзбакистон, ки гӯё ман зидди сохтмони НОБ-и Роғун бошам, ҳақиқати воқеӣ надорад”.


Дар ин бора  вакили Парлумони Аврупо Элизабет Йеггле зимни мулоқоташ бо сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев иброз дошт. Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз қароргоҳи сафорати ҶТ дар ИА иттилоъ доданд, дар нишасти мазкур дурнамои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Манбаъ афзуд, дипломати тоҷик таваҷҷўҳи мусоҳибро ба маълумоти паҳннамудаи агентии иттилоотии CA-NEWS (UZ), бо ишора бо агентии иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистон, ки гӯё зимни вохўрӣ бо экологони Ӯзбакистон дар Брюссел 29 ноябри соли ҷорӣ ў мавқеи Ӯзбакистонро оид ба ғайрисалоҳ будани сохтмони НОБ-и Роғун дастгирӣ намуда аст, равона сохт.

Ҳамзамон, вакили Парлумони Аврупо Элизабет Йеггле ин маълумотро рад намуда, изҳор кард, ки маълумоти паҳннамудаи ҷониби Ӯзбакистон  оид ба мавқеи ў нисбати НОБ-и Роғун ҳақиқати воқеӣ надорад. Ӯ таъкид намуд, ки дар вохўрӣ бо экологони Ӯзбакистон даъват кардааст, ки бояд мунтазири хулосаи ташхиси НОБ-и Роғун аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ шавем.Элизабет Йеггле афзуд, ки ӯ ҳеч гоҳ зидди сохтмони НОБ-и Роғун баромад накардааст. Вакили Парлумони Аврупо илова кард, ки давоми соли равон Ӯзбакистон барои дуввумин маротиба мавқеи ўро оид ба масъалаи сохтмони НОБ-и Роғун таҳриф намудааст. Дар интиҳо, Элизабет Йеггле аз сафири Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки мавқеи расмии ў оид ба сохтмони НОБ-и Роғунро ба ҳукумати Тоҷикистон   тавассути ВАО ба сокинони кишвар ироа намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!