Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Боз 3 медали варзишгарони тоҷикистонӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ӯзбакистон

15 декабр 2011, 09:58

Дар пойтахти Ӯзбакистон варзишгарони тоҷик ба комёбӣ ноил гаштанд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ доданд, дар шаҳри Тошканд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳорибаи тан ба тан ва муҳорибаҳои касбӣ сурат пазируфт, ки дар он варзишгарони Ӯзбакистон, Қазоқистон, Украина, Эрон ва     дигар давлатҳо ширкат варзиданд.Тоҷикистонро дар ин сабқат 6 нафар варзишгар муаррифӣ карданд.

Манбаъ афзуд, Муҳаммадюнус Ризоеви ҳамватани мо дар вазни 85 кило дар риштаи муҳорибаи тан ба тан ду рақибашро аз Ӯзбакистон, як намояндаи Қазоқистон ва 1 варзишгари Украинаро шикаст дода, барандаи нишони тиллои мусобиқот гардид. Ҳамчунин, варзишгари дигари тоҷик Сиёвуш Шарифов дар намуди муҳорибаи касбӣ соҳиби дуввум ва медали нуқра шуд. Маҳмуд Қурбоналиев бошад, ба гирифтани медали биринҷии ин мусобиқа мушарраф шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!