Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:41

Сафорати Амрико барои Тоҷикистон журналист омода мекунад?

3 май 2011, 11:11

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои ҷалби ҷавонон ба касби рӯзноманигорӣ иқдом мекунад. Зимни пахши баёнияи сафорати ин кишвар аз ҷумла омадааст, ки доир намудани барномаи таълимӣ аз ҷониби онҳо мусоидат менамояд, ки талабагони мактабҳои миёна бо ҷузъиёту вижагиҳои кори хабарнигорӣ шинос шаванд.

Ҳамзамон, имконияти навиштани маводу ба табъ расонидани мақолаҳояшонро  тавассути Интернет фароҳам меоварад.

 

Кенн Гросс, сафири Амрико дар Душанбе афзуд, мехоҳам ба халқи Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот табрикоти худро изҳор намоям, Эъломияи умумии ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид озодии матбуотро ҳамчун пояи асосии ҷомеаи демократӣ ҳимоя менамояд. Барои нигоҳ доштани ҷомеаи солим шаҳрвандони инфиродӣ бояд ҷиҳати изҳор намудан ва шунидани фикру мулоҳизаҳои мухталиф озод бошанд. Аз номи Президент Обама ман бори дигар ҷонибдории доимии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро аз озодии воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон тасдиқ мекунам.

Сафорати ИМА баҳри мусоидат ба рушди воситаҳои озод ва мустақили ахбори омма дар мушорикат бо Ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аъзоёни воситаҳои ахбори омма кор мекунад. Ҷаноби Гросс дар поении номааш навиштааст, ки бесуботӣ бештар на аз озодии аз ҳад зиёд, балки аз озодии аз ҳад маҳдуд маншаъ мегирад.  Изҳори озоди нуқтаҳои назари мухталиф мамлакатро нерӯмандтар мегардонад ва қадами нахустини ноилшавӣ ба ризоият аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!