Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:31

Масъалаи марбут ба мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар мадди назари Тревор Мур хоҳад буд

16 декабр 2011, 03:35

Райиси палатаи болоии парлумони мамлакат Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири    Британияи Кабир Тревор Чарлз Мурро бинобар ба анҷом расидани мўҳлати дипломатиаш дар Тоҷкистон бо хоҳиши ў ба ҳузур пазируфт.


Тавре Шавкат Сайидов, ёвари райиси ММ МО ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, зимни нишаст Убайдуллоев  саҳми ҷаноби Мурро ҳамчун сафир дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама дар самти тақвияти муносибатҳои байнипарламентӣ миёни парлумони ҶТ ва парламенти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ нек арзёбӣ намуда, зикр сохт, ки дар ин муддат нахустин сафари ҳайати бонуфзуи парламентии кишвар дар моҳи ноябри соли 2010 бо сарварии райиси Маҷлиси миллӣ ба он кишварҳо сурат гирифт, ки он собитгари таҳкимёбии ҳамкориҳо ва фаъолияти пурсамари сафир мебошад.

Манбаъ афзуд, Тревор Мур зимни мулоқот таъкид дошт, ки дар асоси пешниҳоди Тоҷикистон ва сафари анҷомдодаи райиси Маҷлиси миллӣ ба Лондон ҳукумати Британияи Кабир баррасии Созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ-техникӣ, қадргардонӣ ва ҳимояи дуҷонибаи сармоя, худдорӣ намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармояро дар аввали соли 2012 тарҳрезӣ хоҳад кард.

Ҳамзамон, ҷонибҳо бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев бо назардошти ҷаҳонишавии мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар асоси ин раванд ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар бештар маврид поймол гардида, арзиши олӣ доштани мафҳуми инсон коста мегардад, масъалаи таҷдиди назар намудани Конвенсияҳои мавҷуда оид ба танзимдарорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷиронро дар сатҳи институтҳои байналмилалӣ  ҳамчун талаби давр арзёбӣ карданд. Тревор Мур   афзуд, ки  бо истифода аз имконот фаъолияти минбаъдаашро дар ҳамкорӣ бо институтҳои парламентии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ  дар ҳалли казияи мазкур сафарбар хоҳад намуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!