Бахшҳо

Кӯлоб: Дар рустои Қарағочи ноҳияи Ҳамадонӣ таҳсили бархе аз хонандагон дар хона ҷараён мегирад

12 нафар аз хонандагони мактаби таҳсилоти умумии № 21-и рустои Қарағочи ноҳияи Ҳамадонӣ бо сабаби беморӣ дар хона таълим мегиранд.


Бино ба иттилоъ, ин толибилмон гирифтори бемории сили фаол будаанд, ки ҳар лаҳза метавонад ба дигарон сироят кунад. Қувват Зумратов, директори мактаби мазкур ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, аз 72 нафар хонандагони ин таълимгоҳ 20 нафарашон мубтало ба сил будаанд, ки дар беморхонаву манзили зисташон табобат мегиранд. Як сол қабл бошад, 2 нафар аз талабагони ин мактаб аз маризии сил фавтидаанд.

Ҳамзамон, Алишер Исоев, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҳамадонӣ иддао дорад, ки аз вазъи бемории хонандагон ва сокинони ин русто масъулини ноҳия ва  ҳукумати марказӣ огаҳанд. Шӯъбаи маориф дар якҷоягӣ бо табибони силшиноси ноҳия барои хонандагони ин мактаб мунтазам кӯмаку ёрӣ мерасонанд.Ташхиси бепул ва таъмини дорувории зидди сил барояшон ройгон ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазъ тақрибан бетағйир мемонад. Соле пештар ҳукумати маҳаллӣ барои кӯчондани сокинони русто ба мавзеи бехавф, барои 20 оила қитъаҳои замин ҷиҳати бунёди манзили зист ҷудо карда буд. Аммо аҳолӣ бо иллати камбуди маблағ ва нотавонӣ дар мавриди сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, нахостаанд ба мавзеи нав кӯч банданд.

Маҳмад Мириқулов, як омӯзгори кӯҳансоли русто мегӯяд, шояд хоки ин деҳа заҳролуд аст ва сокинон гирифтори беморӣ мегарданд. Барои ташхис ҳатто хоки ин мавзеъро табибони немис дар ташхисгоҳи чумҳурии Олмон санҷидаанд, вале ҳанӯз ҳам муайян накардаанд, ки иллат дар хок ҳаст ё не. Ҳамакнун, сокинони русто ният доранд,  сар аз соли нав манзили зисташонро ба мавзеи нави ҷудошуда иваз намоянд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)