Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:37

Деҳқони тоҷик фоидаи интизордоштаашро дарёфт накард

16 декабр 2011, 12:00

Ҳафтаи ҷорӣ нархи як тонна пахта дар биржаи Маскав 2421 доллари амрикоиро ташкил намуд, ки дар муқоиса бо нишондоди аввали сол ду маротиба арзонтар аст.


Аввалҳои соли ҷорӣ нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ марзи 5 ҳазор доллари амрикоиро убур карда буд, ки нишондоди рекордӣ маҳсуб меёбад. Дар Тоҷикистон, ки пахта дар баробари алюминий маҳсулоти асосии содиротӣ мебошад, деҳқонон ба далели гаронии нархи он ва ёфтани даромади бештар майдони кишти онро 50 ҳазор гектар зиёд намуда, ба иттилои масъулини вазорати кишоварзӣ дар ҳудуди 210 ҳазор га пунба киштанд. Нақшаи ҷамъоварии  пахтаро имсол деҳқонони тоҷик 22 ҳазор тонна барзиёд иҷро намуда, ҳудуди 412,5 ҳазор тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ кардаанд. Аммо азбаски дар ҷаҳон ҳосили пахта имсол хуб шудааст, дар паи афзоиши пешниҳод нархи он коҳиш ёфта, деҳқони тоҷик аз фоидаи интизориаш маҳрум гардид.

Тибқи иттилои расмӣ имсол дар 10 моҳ ҳаҷми содироти пахта беш аз 152 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!