Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:07

Алексей Кудрин: Иқтисоди ҷаҳон рӯ ба таназзул аст

17 декабр 2011, 05:27

Собиқ муовини нахуствазир ва вазири пешини молияи Русия мегӯяд,  мавҷи дуюми бӯҳрони ҷаҳонӣ аллакай фаро расидаст.


Ба гуфтаи Алексей кудрин, дар ҳоли ҳозир пешбинии умқи бӯҳрон мушкил аст, аммо мӯътақидам, ки минбаъд вазъият бадтар хоҳад шуд: «Ёдрас мекунам, ки дар баъзе аз кишварҳои минтақаи Аврупо, аз ҷумла Итолиё камшавии ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар назар аст. Дар маҷмӯъ афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақаи евро ҳамагӣ 0,2 фойиз пешбинӣ мешавад, ки он ҳам шубҳанок аст. 70 фойиз эҳтимолият мавҷуд дорад, соли оянда дар минтақаи евро  на афзоиш балки коҳиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба вуҷуд хоҳад омад. Ин ҳама ба коҳиши нархи нафт мусоидат мекунад».

Аммо дар баробари ин Кудрин таъкид кардаст, ки чанд омили дигар аст, ки барои афзоиши нархи нафт мусоидат мекунанд. Дар маҷмӯъ Кудрин муътақид аст, ки иқтисодиёти ҷаҳонро бадшавӣ, ки ба Русия ҳам таъсир мерасонад, интизор аст.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, таъсири бӯҳрон ба Русия дар Тоҷикистон ҳам эҳсос хоҳад шуд. Солҳои 2008- 2009 –умро мисол меоранд, ки дар паи бӯҳрон бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бекор монда,  ҳаҷми интиқоли маблағ кам ва мувофиқан рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳам суст гардида буд.

Масъулини блоки иқтисодии Тоҷикистон эътироф мекунанд, дурнамои иқтисодиёти ҷаҳон тира аст. Аммо ба гуфтаи манбаъ, масъулини тоҷик пайваста вазъро мониторинг карда, вобаста ба вазъ дар доираи имкониятҳояшон чораандешӣ карда истодаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!