Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:35

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба шаҳри Маскав парвоз мекунад

19 декабр 2011, 03:18

Пас аз чанд лаҳза райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати ҳукумати кишвар озими Маскав мешавад.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии президент иттилоъ доданд, ҳадаф аз боздиди Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти Русия ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ ва 20-солагии ба имзо расидани Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ мебошад.

Маврид ба ёдоварист, феълан вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Маскав қарор дорад ва имрӯз дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок мекунад. Интизор меравад, ки роҳбарони ҳайатҳо ҷараёни амалисозии қарорҳои ҷаласаи декабрии (с. 2010) Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва мувофиқаҳое, ки дар рафти вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои кишварҳои узви СААД дар Остона 12 августи соли 2011 ба даст омадаанд, баррасӣ хоҳанд намуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!