Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 21 август 2017, 00:13

Фардо «50 нафари хушсалиқа» ҷойизаҳои худро соҳиб мешаванд

19 декабр 2011, 05:09

Моҳи октябри соли равон ширкати ТВ ва радиои «Ватан» лоиҳаи «50 нафари хушсалиқа» - ро пешниҳод карда буд.


Тайи муддати 2 моҳ шунавандаҳои зиёда ба радио  занг зада, номзадҳои аразандаи хешро ба ин озмун пешниҳод карданд. Дар шабакаи иҷтимоии Facebook низ ҳамин гуна пурсиш ҷо карда шуда буд, ки корбарони он ба воситаи овоздиҳӣ беҳтаринҳоро ба рӯйхат шомил карданд. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Субҳон Ҷалилов, муҳаррир ва ровии барномаҳои фарҳангӣ- фароғатии радиои «Ватан» иттилоъ дод.

Манбаъ афзуд, ба рӯйхати мазкур ҳудуди 192 нафар ворид гардида, ҳайати доварон зимни се нишаст 50 нафари беҳтаринро муайян кардаанд. Бино ба қавли сарчашмаи хабар маросими супоридани ҷойизаҳо рӯзи 20 декабр, соати 18:00 дар меҳмонхонаи «Серена-Душанбе» баргузор мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!