Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:44

Сари буридаи одам дар ҳавз

23 май 2011, 08:56

Пулиси Маскав аз ҳавзе дар ҷануби  ин шаҳр сари буридаи одамро пайдо кардаанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти ин ниҳод хабар медиҳанд, сари буридаи шахси номаълум аз хавзи Борисовка, миёни гузаргоҳи Шипиловский ва шоҳроҳи Каширский ёфт шудааст. Бино ба маълумоти пешакӣ марги ин нафар ду моҳ пеш сурат гирифтааст. Феълан корҳои ҷустуҷӯӣ барои муайян кардани шахсияти мақтул ва тафтишоти ҳодиса идома дорад, -илова кард манбаъ.

 

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар ҳавзу дарёҳои ноҳияи Дорогомиловскаяи Маскав дар давоми 2 ҳафта узвҳои алоҳидаи бадани инсон дарёфт гардиданд. Тафтишот шахсияти ин нафарро Иля Егоров муайян намуда, бар асоси ин Николай Шадрини одамхӯр (маняк) дастгир карда шудааст. Дар хонаи Николай Шадрин олотҳои қатли Иля Егоров ва як пора ҷигари ӯ дарёфт гардиданд. Ҳамчунин Николай Шадрин ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуда гуфтааст, пораи ҷигари шиносашро бирён карда хӯрдааст. Бино ба маълумоти пулис Николай Шадрин дар қайди дармонгоҳи бемориҳои асаб будааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!