Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:38

Сӯҳроб Шарипов вакили МН интихоб гардид

19 декабр 2011, 05:28

Интихоботи миёндаврии порлумонӣ дар ҳавзаи “Шоҳмансур-3” рӯзи гузашта (18-уми декабр) бо пирӯзии намояндаи ҲХДТ анҷом пазируфт.


Тибқи иттилои Абдулло Холиқов,    райиси ҳавзаи интихоботии “Шоҳмансур” Сӯҳроб Шарипов, номзад аз ҳизби ҳоким, директори маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо гирифтани беш аз 78 дарсади райъи интихобкунандагон вакили МН интихоб гардид. Ба қавли ӯ, рақибони Шарипов бо натиҷаи зерин ноил шудаанд: номзад аз ҲСДТ Абдуҳалим Ғаффоров-  5,97%, Абдуқаҳҳор Турсунов, проректори ДТТ- 5,68% ва намояндаи ҲИИТ Суҳроб Оймаҳмадов-6,11 фойиз.

Манбаъ афзуд, иштироки интихобкунандагон муодили 88 дарсад буда, дар ҳамаи 49 участкаи интихоботӣ раъйдиҳӣ муташаккилона сурат гирифт.

Ёдрас менамоем, интихоботи мазкур пас аз даргузашти вакили МН Сафаралӣ Раҷабов баргузор шуда, барандаи ин сабқат курсии депутатии холишударо ишғол хоҳад кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!