Бахшҳо
19 дек 2011 05:47Хабарҳои ҷаҳон

Роҳбари ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ ҳам ин дунёро падруд гуфт

Нашри махсуси телевизиони давлатии Кореяи Шимолӣ ахиран эълом дошт, ки раҳбари ин кишвар Ким Чен Ир дар Пхенян фавтидааст.


Бино ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ ҷаноби Ир ҳамагӣ 69 сол дошт ва аснои сафар рӯзи 17-уми декабр, дар қатори роҳи оҳан даргузаштааст. Ҳарчанд сабаби дақиқи марги ӯ эълон нашудааст, телевизиони давлатии Кореяи Шимолӣ гуфт, Ким аз кори зиёди ҷисмонӣ ва фикрӣ фавтидааст.

Ҳамзамон, расонаҳои дигар, аз ҷумла хабаргузориҳои Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ доданд, ки нерӯҳои ҳарбии Шимол ба дунболи ин хабар ба ҳолати омодабош даромада, қарор аст, ҷаласаи изтирории ҳукумат баргузор шавад. Тибқи хабарҳои расида, Ким Чен Ир дар соли 2008 ба бемории сактаи дил ва майнаи сар мубтало шуда буд.

Хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки раванди интиқоли қудрати давлатӣ аз Ким ба писараш Ким Чонг Ун оғоз ёфта буд. Ким Чонг Ил қудратро аз падараш, бунёдгузори Кореяи Шимолӣ Ким Ил Санг, пас аз марги ӯ дар соли 1994 мерос гирифта буд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)