Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 19 январ 2017, 15:41

«Шамшери ислом» Англияро тахриб карданӣ аст

23 май 2011, 09:01

Сарвари тозатаъини «Ал- қойида» Сайф ул Адл амалиёти вижаи террористиро дар  Британияи Кабир роҳандозӣ хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузориҳои ингилисӣ хабар додаанд.

Бино ба гуфтаи Эҳсонулло Эҳсон сухангӯи гурӯҳи «Таҳрики толибони Покистон»,  намояндагони ин ҳаракат бо «Ал Қойида» гуфтугузор доштаанд, Сайф ул Адл Англияро маркази Аврупо донистааст ва гуфтааст, сараввал бояд онро тахриб кард. Ӯ гуфтааст, бо ин роҳ мехоҳад, хунбаҳои устодаш Усома бин Лоданро бистонад.

Гуфта мешавад, Сайф ул Адли 51 -сола зимни як ҳамойиши гурӯҳи «Толибон» ва «Ал Қойида»  дар сарҳади Покистон ба ҳайси сарвари «Ал -Қойида» пазируфта шудааст. Сайф ал Адл пештар сарварии хадамоти амниятии Усома бин Лоданро ба ӯҳда дошта, бо лақаби «Шамшери  Ислом» машҳур мебошад ва ҳамчунин зидди нерӯҳои Шӯравӣ дар хоки Афғонистон дар солҳои 1979-1989 ҷангида будааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!