Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:14

Садамаи нақлиётӣ дар Роштқалъа мунҷар ба марги 2 нафар шуд

20 декабр 2011, 07:07

Дар пайи як сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Роштқалъа 2 нафар ба ҳалокат расидаанд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, ронандаи автамашинаи тамғаи «Чанху» Окимшо Нафасшоеви 27 сола, сокини ҷамоати Сумчев,   ҳангоми ҳаракат аз тарафи қишлоқи Хидорҷев ба самти ҷамоати Сумчев дар км 2-юм бехатарии ҳаракатро риоя накарда, ба тарафи чапи роҳ баромада, чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофирони автамашина  Кароматшо Кароматови 49 сола, сокини кӯчаи  Тевдем,   Расул Кабутаршоеви 22сола, сокини деҳаи  Сумчев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Манбаъ афзуд, ронанда Окимшо Нафасшоев ва мусофири автамашина Акмал Душанбиев айни замон дар беморхонаи ноҳияи Роштқалъа бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бистарӣ гаштаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!