Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:23

Тӯраҷонзодаҳо дубора ба додситонӣ даъват шуданд, вакили мудофеъи онҳо ҳам шикояти онҳоро ирсол дошт

21 декабр 2011, 07:10

Дар ин бора Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва яке аз бародарони эшони Нуридинҷон, собиқ имом-хатиби масҷиди «Муҳаммадия»-и шаҳри Ваҳдат ба хабаргузории «Озодагон» иброз дошт.


Номбурда гуфт: «Намедонам барои бозпурсӣ аст ва ё дақиқ карадни кадом як иттилои дигар аз банда ва бародарм- домулло Нуриддинҷон даъват карданд, ки пас аз зӯҳри имрӯз ба додситонӣ ҳозир шавем».

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл зимни як тамоси телефонӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфта буд, ки воқеан ман ва бародарамро рӯзҳои 15-ум ва 16-уми декабр ба додситонии шаҳри Ваҳдат барои бозпурсӣ даъват карда буданд: «Он ҷо ман бори дигар ҳам гуфтам, ки дар масҷиди «Муҳаммадия» маросими «Ошӯро» сурат нагирифтааст ва он чизе, ки рӯзи 2-юми декабр иттифоқ афтод, маросиме буд бо номи ёдбуди қатли набераи паёмбарамон –Имом Ҳусайн. Ин маросимро хонаводаи мо 50 сол боз баргузор мекунад, ҳатто замони қозигиям дар Тоҷикистон аз ин сана ёд мекардем».

Ҳамзамон, Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи хонаводаи Тураҷонзодаҳо иброз дошт, ки рӯзи гузашта (20-уми декабр) алайҳи райиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, райиси шаҳри Ваҳдат Анвар Вайсиддинов ва райиси маркази Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро ба Додситонии кулли Тоҷикистон ва додситонии ноҳияи Ваҳдат супурданд.

Ёдрас менамоем, ин қазия аз рӯзи 2-юми декабр шурӯъ гардид. Он замон дар масҷиди «Муҳаммадия»-и маҳаллаи Туркободи шаҳри Ваҳдат, ки имомхатибии онро Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, яке аз дигар бародарони эшон ба зимма дорад, аз шаҳодати Имом Ҳусайн- набераи Муҳаммад пайғамбар (с) ёдоварӣ карданд. 6-уми декабр бошад, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баёнияе интишор кард, ки дар он аз аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом интиқоди шадид мешуд. Шӯрои уламо гуфт, як чунин маросими барои аҳли суннат "бегона" барои мусулмонони Тоҷикистон пайомадҳои ногувор дар пай дорад. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад карда иброз дошт, ки ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!