Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:37

Вазорати фарҳанг озмуни вижа элон кард

21 декабр 2011, 08:56

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории асарҳои нав дар соли 2012 дар жанрҳои гуногуни санъати мусиқии касбӣ озмун элон мекунад.


Тавре аз маркази матбуоти ин вазорат ба хабаргузории «Озодагон» хабар доданд озмуни мазкур аз 1-уми январи соли 2012 то 1-уми март идома меёбад ва шартҳои озмун чунинанд:
1. Суруд (бо ҳамовозии ҳайатҳои гуногуни мутрибон, ансамбли мусиқии камеравӣ, оркестри созҳои мардумӣ).
2. Асарҳои мусиқӣ барои якканавозон ва ансамблҳои гуногун.
3. Асарҳои мусиқии рақсӣ ва эстрадӣ.
4. Асарҳо барои хор ва оркестрҳои гуногуни мусиқӣ.
Ба иттилои манбаъ ин озмун бахшида ба ҷашнҳои Наврўзи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ташкил гардида, ҳамчунин беҳтарин асарҳо дар жанрҳои гуногуни санъати мусиқӣ аз ҷониби вазорати фарҳанг харидорӣ мешаванд. Озмуни мазкур аввали моҳи март ҷамъбаст карда мешавад,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!