Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:25

21,3 миллион ваксина ба Тоҷикистон ворид гардидааст

23 май 2011, 09:45

Барои пешгирии бемории фалаҷ  дар Тоҷикистон ҳукумати ИМА  1 миллиону 365 ҳазор доллар ҷудо намудаст. Дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ сафири ин кишвар Кен Гросс иттилоъ дод.

Дипломати амрикоӣ афзуд,  Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои маъракаҳои эмкунӣ бар зидди бемории фалаҷ бурсҳо ҷудо кардааст, ин оҷонсӣ   дар навбати худ вазорати тандурустии Тоҷикистонро дар самтҳое аз қабили устувор гардонидани назорати эмкунӣ, назорат кардани хурӯҷи беморӣ ва гузаронидани чораҳои фаъол баҳри пешгирии хуруҷи бемориҳое, ки ба воситаи ваксина пешгирӣ мешаванд, дастгирӣ мекунад. Аз соли 1992 инҷониб сафорати ИМА дар Душанбе зиёда аз 900 миллион доллари ИМА-ро ба барномаҳои ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон равона кардааст.

Аъзамҷон Мирзоев, муовини вазири тандурустии кишвар зимни ин нишаст дар ҳузури хабарнигорон, афзуд, ки шурӯъ аз имрӯз то 27-уми майи соли равон дар кишвар рӯзҳои миллии эмгузарониӣ оғоз мешавад ва кормандони соҳаи тиб омода ҳастанд, тақрибан 1,2 милион кӯдакони то 5- соларо эм кунанд. Ба қавли номбурда ҳамаи он ваксинаҳое, ки вориди Тоҷикистон мешаванд дорои сертификатҳои махсус буда, барои бехатарии онҳо назорати ҷиддӣ бурда мешавад: «Дар соли ҷорӣ давраи дуюми эмкунии миллӣ оғоз мешавад. Соли гузашта ҳангоми хуруҷи бемории фалаҷ 705 ҳодисаҳои бемории шадиди фалаҷи суст ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин шумора 458-тояш расман дар ташхисгоҳ тасдиқ шуд. Аз 67 минтақаҳои маъмурии кишвар дар 35- тояш ҳодисаҳои бақайдгии беморӣ тасдиқ шуд. Дар соли гузашта ду давр барои кӯдакони 5 сола, чор давр барои кӯдакони 2,5 сола ва як даври эҳтиётӣ дар 35 минтақаи маъмурии кишвар гузаронида шуд.

Хонвей Гао, сардори намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, зимни баромадаш иброз намуд, ки 21,3 миллион ваксина вориди Тоҷикистон шудааст ва сифати ҳамаи онҳо кафолат дода мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!