Бахшҳо

Боз чор ҷасади ҳамватани моро аз Русия оварданд

Бо хатсайри 628 Москва-Душанбе чор ҷасади шаҳрванди тоҷик ба пойхат оварда шуд.


Аз ВКД ба хабаргузории «Озодагон» хабар доданд, ки рӯзи 21-уми декабри соли равон аз тариқи ин хатсайр ҷасадҳои Рустам Нурматови 32 сола, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон (сабаби марг куштор), Маҳмадшо Шокирови 26 сола, сокини  ноҳияи Рашт (ҳодисаи нохуш), Исроил Раҷабови 32 сола, сокини  ноҳияи Рӯдакӣ ва Абдулвоҳид Ҷумаеви 38 сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон (сабаби маргашон беморӣ) мунтақил шудаанд.

Ёдовар мешавем, чанд вақт пештар аз сари буридаи Бахтиёр Расулов, муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург хабар расид, ки сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Ин қазия боис шуд, ки МН МО Маҳмадалӣ Ватанов, раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумони Тоҷикистонро барои шиносоии бештар аз вазъи тафтишоти ин ҳодиса ба Русия фиристод. Баъди бозгашт Маҳмадалӣ Ватанов дар назди вакилони тоҷик натиҷаи сафарашро гузориш дода гуфт, раванди ташхис ва тафтишоти парвандаи Бахтиёр Расулов собит мекунад, ки сари ӯ бурида нашуда, балки сӯхтааст. Номбурда гуфт: «аз сӯҳбат бо муфаттиши парвандаи Бахтиёр Расулов ва натиҷаҳои ташхис ва аксҳои гирифташудаи автомошинаи вай, ки оташ зада шудааст, фикри шахсии ман бар ин аст, ки сари вай сӯхтааст. Чун ин ҷиноят хеле ваҳшиёна ва сангдилона сурат гирифтааст». Ҷаноби Ватанов ҳамчунин хабарҳоеро, ки Бахтиёр аз дасти тоссарҳо кушта шудааст, рад намуд. Ба қавли вай ҳеҷ гуна нишонаи ба дасти скинхедҳо сурат гирифтани ин ҷиноят дар дасти тафтишот нест. Балки ин ҷиноят бар асоси ҷанбаҳои маишӣ ва хусумати хонаводагӣ, аз сӯи бародари хонумаш, ки рус буда ва шаш моҳ пеш аз ҳам ҷудо шудааст, иттифоқ афтодааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)