Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

Курсии раҳбари Думаи давлатӣ насиби Сергей Наришкин шуд

22 декабр 2011, 05:12

Сергей Наришкин, ки аз ин пеш дар симмати маъмурияти президенти Русия фаъолият мекард, бо касби бештари орои вакилони навинтихоб раҳбари Думаи давлатӣ шуд.


Ба ҷонибдории Наришкин ҳамаи 238 вакил аз ҳизби «Русияи воҳид» райъ додаанд. Иван Мелников, вакил аз Ҳизби коммунист ва Александр Жуков, вакили ҳизби «Русияи воҳид» муовинони раиси Думаи давлатӣ интихоб шуданд.
Вакилони ҳайати нави Думаи давлатии Русия рӯзи 21 декабр дар нахустин нишаст ба фаъолияти худ оғоз карданд.

Гуфтанист, интихоботи вакилони Думаи давлатии Русия рӯзи 4-уми декабр баргузор шуд. Баъди эълони натоиҷи муқаддамотӣ ҳизбҳои мухолиф бо эътироз аз қонуншиканиҳои бешумор дар кӯчаҳо гирди ҳам омаданд. Раҳпаймоиҳои эътирозӣ то кунун идома дорад ва рӯзи 21-уми декабр дар канори бинои Думаи давлатӣ беш аз 20 нафарро боздошт карданд. Ин афрод мехостанд, алайҳи тақаллуб дар интихоботи порлумонӣ дар Русия намоиши эътирозӣ доир кунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!