Бахшҳо

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мехоҳад муҳоҷиронро забон омӯзад

Масъулини хадамоти муҳоҷирати кишвар сатҳи тахассус ва маълумотнокии муҳоҷирони тоҷикро дар муқоиса ба муҳоҷирони меҳнатии дигар кишварҳои ИДМ паст унвон намуданд.


Тавре аз хадамоти мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ то ҳанӯз қаноатбахш нест ва ҳалталаб боқӣ мемонад. Бо мақсади ҳалли ин норасоӣ аз рӯи дархости хадамоти мазкур тибқи як созишномаи вижа, ки роҷеъ ба фарогирии муҳоҷирон ба омӯзиши касбу ҳунар ва ихтисосҳои замонавӣ роҳандозӣ гардидааст, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таҳсил дар омузишгоҳҳои касбӣ-техникии вазорати маориф ҷалб мешаванд. Курсҳои омӯзишӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарон мегӯянд, вазорати маорифи кишвар бояд ин мушкилро аз давраи таҳсили мактаби миёнаи хонандагон ба инобат бигирад. Зеро ба боварии ин гурӯҳи соҳибназарон, дар ҳоле, ки 11 соли таҳсили мактаби миёна ва барои бархе муҳоҷирон таҳсил 5 сола дар донишгоҳ натавонист, донишу малака ва сатҳи ҳуқуқу забондонии онҳоро баланд бардорад, курсҳои чандмоҳа наметавонад, роҳи ҳал гардад. Гузашта аз ин чанд тан аз муҳоҷироне, ки  ба наздикӣ аз Русия баргаштаанд, дар суҳбат ба «Озодагон» маълумоти хадамоти муҳоҷиратро ҷиҳати паст будани сатҳи маълумотнокии муҳоҷирни тоҷик дар муқоиса ба муҳҷирони кишварҳои ИДМ рад намуданд. Шодмони Ятим яке аз онҳост, ки мегӯяд: «Барои он ба ин маълумоти хадамоти муҳоҷират розӣ шуда наметавонам, ки шахрвандони дигар кишварҳо, ба хусус Ӯзбакистон аз мухоҷирони мо дида дониши пастар доранд, фаҳмишу дарки хуб надоранд. Инро ман аз мушохидаҳоям мегӯям. Як мисол, бо сабаби паст будани сатҳи забондонӣ ва маълумотнокияшон бо нархҳои нисбатан арзон кор мекунанд. Ҳамчунин шаҳрвандони Туркманистон ва баъзан мардуми курди Туркия дар умум аз шахрвандони мо дониши паст доранд».

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)