Бахшҳо

Қ.Расулзода:Камбудиҳо дар кори ташкилӣ ва иншоотҳои мададрасон ҳоло ҳам зиёданд

Дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Қоҳир Расулзода бо иштироки муовинони райиси вилоят, раисону шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои низомии вилоят маҷлиси машваратӣ баргузор гардид.


Ҷаноби райис  аз натоиҷи боздиди кориаш ба қисмҳои низомии гарнизони Суғд сухан ронда, зикр дошт, ки  дар вилоят баҳри таъмини амнияти давлат ва бехатарии аҳолӣ, ҷобаҷокунии қисмҳои ҳарбии сохторҳои низомӣ чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Зикр гардид, ки ҳукумати вилоят дар якҷоягӣ бо Вазорату сохторҳои дахлдори ҷумҳурии Тоҷикистон  хизматчиёни низомиро бо иншоотҳои ҷавобгӯи талаботи имрӯза таъмин намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва роҳ надодан ба содиршавии ҷинояту ҷинояткорӣ, мубориза зидди терроризму экстремизм эътибори махсус  медиҳад.

Дар хадамоти матбуотии райиси вилоят ба хабаргузории «Озодагон» ҳамчунин гуфтанд: «Қоҳир Расулзода зикр дошт, ки дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва адлия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, нисбати  солҳои гузашта шароити хизмат, зист ва таъминоти қисмҳои низомӣ бо лавозимоти зарурӣ, хӯрокаю пӯшока ва техникаҳои ҳарбӣ беҳтар гаштааст.Барои зимистонгузаронӣ захираи зарурии маводи хӯрока мувофиқи меъёрҳо омода  шудаанд.Танҳо аз оғози ҷобаҷокунӣ, сохтмон, таъмир ва азнавсозии қисмҳои ҳарбии сарҳадӣ аз соли 2006 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 33,7 млн. сомонӣ аз он, 10,2 млн. барои таъмин намудан бо таҷхизотҳои зарурӣ ва маводи хӯрока ҷудо карда шудааст. Ин нишондиҳанда дар 11 моҳи соли 2011 3,4 млн. сомониро ташкил медиҳад.

-Новобаста аз корҳои иҷрошуда, дар самти сохтмон, таъмир ва азнавсозии иншоотҳои сохторҳои низомие, ки дар соли 2011 ба нақша гирифта шудаанд, камбудиву норасоиҳо дида мешаванд,-афзуд манбаъ. Ҳарчанд дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Қайроққум, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ва Ғончӣ дар ин самт фаъолият хуб ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Истаравшан, Ҷ.Расулов, Конибодом, Спитамен, Хуҷанд, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мастчоҳ корҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва сифати корҳои иҷрогардида ба талабот ҷавобгӯ нест. Корҳои асосии сохтмони иншоотҳо ба итмом расонида шуда бошад ҳам, ҳолати иншоотҳои мададрасон, сифати корҳои таъмиру тармим,  таъминот бо оби нӯшокӣ ва барқи доимӣ беҳбудӣ металабад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)