Бахшҳо

Ректорони донишгоҳҳои шаҳри Душанбе барои кормандонашон хона месозанд

Рӯзи гузашта (22-юми декабр) дар «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи ҳаштуми вакилони шаҳри Душанбе баргузор гардид.


Зимни нишаст дар қатори депутатҳои маҷлиси пойтахт, инчунин роҳбарони сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, Кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандию намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи чопию электронии ватанӣ ширкат варзиданд. Тибқи иттилои Шавкат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи  М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» ва дигар масоил шунида шуда, вакилон ба баррасии васеи он оғоз намуданд.

Райисони комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  А. Рауфӣ, А. Абдурасулов, З. Шарипов, С.Сафиаллоев, Г. Шарипова, А. Ҳабибов ва А. Сатторӣ ҳисоботи райиси шаҳри Душанберо, ки  фарогири самтҳои салоҳияти шаҳрдорӣ ва ташкили бонизоми системаи хоҷагидории шаҳрро дар бар гирифта, дар 11 моҳи соли 2011 рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар асоси барномавӣ бемайлон таъмин гардидааст, қобили қабул арзёбӣ карданд.

Дар ҷаласаи вакилони шаҳр қайд гардид, ки мақомоти марбутаи шаҳрдорӣ 236 иншооти гуногунтаъинотро ба маблағи 2 миллиарду 607 миллиону 319 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар таҷрибаи меъморию сохтмонии кишвар нахустин иншооти 20-ошёнаву тамоюли коргузоридошта ва Боғи мўҳташами дорои ҷузъиёти фарҳангу фароғати муосир баҳри бо истироҳат фарогирии хурду бузурги ҷомеаро армуғони сидқу вафо намуданд дар саҳифаҳои заррини таърихи навини кишвар ва пойтахти он сабт хоҳад гашт.

Қайд гардид, ки соли 2012 соли баҳри коҳиш додани афзоиши шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз шаҳри Душанбе ва тавассути ташкили ҷойҳои кории нав бо шуғл ва маоши сазовор таъмин намудани корҷўён “Соли дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ” эълон гардида, барои татбиқи ин иқдом мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе азм менамояд, ки дар асоси барномавӣ барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳӣ ҷиҳати кўмак ба соҳибкорон маблаѓҳои қарзиро дар тўли соли молиявӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ихтисос диҳад.

Ҳамзамон муқаррар гардид, ки дар соли 2012 бо анҷоми таҳлилҳои амиқ ва муайянсозии сарчашмаҳои молиявӣ Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе - “Шароити арзанда”, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёди хонаҳои бисёрквартирадори хизматии 2-3 ҳуҷрадорро барои дастгирии иҷтимоии мутахассисони ҷавону зиёиёни шаҳр пешбинӣ менамояд роҳандозӣ шуда, идома ба он, Корхонаи воҳиди давлатии “Сохтмони манзили иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе ”-ро, ки фаъолияташ аз ҳисоби маблаѓҳои қарзии буҷети шаҳр ва саҳмгузории шаҳрвандон амалӣ гардида, тибқи лоиҳаҳои меъмории каммасрафу иҷтимоӣ бунёди манзили баландошёнаро анҷом дода, бо арзиши аслии сохтмонӣ квартираҳоро ба ашхоси зикргардида аз рўи имкон дастрас месозад, таъсис дода мешавад.

Аз иқдомоти шаҳрдорӣ нахустин шуда ректорони Донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе, ки ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мебошанд, дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки омодаанд аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳҳо барои эҳтиёҷи кормандонашон, пеш аз ҳама мутахассисони ҷавон сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёнаро тибқи нақшаи генералии шаҳр анҷом диҳанд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар қаламрави Душанбе аз 25 марти соли 2012 то 1 октябри соли 2014 “30 моҳи ободонӣ ва ташаббусҳои арзанда” эълон карда мешавад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)