Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 июл 2017, 09:37

Бонки Ҷаҳонӣ ҳамкориро бо парлумони Тоҷикистон тақвият мебахшад

23 декабр 2011, 10:09

«Мустаҳкам намудани иқтидори парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши молияи давлатӣ».


Таҳти чунин унвон, имрӯз дар палатаи поёнии парлумони кишвар ҳамойиши таълимӣ (семинар) сурат пазируфт. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, семинари мазкурро райиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки дар натиҷаи гуфтушуниҳои дутарафа, мутобиқи Ёддошти ҳусни тафоҳуми байни Маҷлиси намояндагон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар назди кумитаи мазкур Котибот оид ба татбиқи лоиҳаи таҳким бахшидани иқтидори парлумон дар ҷараёни омодасозӣ, мониторинг ва иҷрои Буҷети давлатӣ таъсис дода шуд.

 

Зикр гардид, ки то давраи ба фаъолият шурўъ намудани котибот дар якҷоягӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи ташкили котибот як қатор корҳо, аз ҷумла, баргузор кардани озмун барои ҷалби мутахассисон ба котиботи мазкур, гузаронидани таҳлил ва ташхиси молиявӣ вобаста ба ҷараёни буҷет ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони интихобгардида ва дигар корҳои марбут ба фаъолиятҳои котиботи мазкур ба анҷом расонида шуданд.

Зимнан, дар назди иштирокчиёни семинари омўзишӣ кормандони масъул Қ. Мӯминов, Л. Борунова, Р. Туйчиева ва З. Мамадалиева баромад намуда, изҳор доштанд, ки буҷети давлатӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва хоҷагии мамлакат аҳамияти бузургро молик аст, бинобар ин сифати амаликунии сиёсати молиявии давлат ба савияи фаҳмиши масъалаҳои асосии буҷетии ҳамаи иштирокчиёни раванди буҷетӣ вобаста аст.

Дар охири ҳамойиш маросими муаррифии лоиҳаи «Мустаҳкам намудани иқтидори парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши молияи давлатӣ» баргузор гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!