Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

«ТоҷикЭйр» соҳиби як ҳавопаймои ҷадиди «МА-60»

24 декабр 2011, 06:51

Рӯзи 23-юми декабр як ҳавопаймои мусофирбари  тамғаи “МА-60”-и истеҳсоли Чин ба Душанбе омад.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ширкати “Тоҷик Эйр” иттилоъ доданд, таёраи мазкур аз ҷониби ин ширкат харидорӣ шудааст. Гуфта мешавад, ҳавопаймо тариқи қарзи дарозмуддати “Эксимбонк”-и Чин пардохт шуд, аммо маблағи ниҳоии он эълом нагардидааст.

Зимнан, ду сол қабл, миёни ширкати “Тоҷик Эйр” ва ширкати «Xian Aircraft international Cooperation»-и Хитой дар бораи харидории ду адад ҳавопаймои “МА-60” мувофиқатномае имзо шуда буд. Ҳамакнун ҳавопаймои “МА-60” тавассути воми “Эксимбонк”-и Чин харидорӣ шудааст, ки ин муомилот, ба гуфтаи масъулони ширкати “Тоҷик Эйр”, аз лиҳози молӣ барои ширкат муфид тамом шудааст.Қарор аст, ин ҳавопаймо дар масирҳои дохили кишвар ё давлатҳои  ҳамсоя истифода шавад.Бино ба иттилои ширкати “Тоҷик Эйр”, барои кор дар ҳавопаймоҳои хитойӣ 10 халабон, 28 корманди фаннӣ ва 4 муҳандиси ин ширкат дар Чин давраи таълимиро фаро гирифтаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!