Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:34

Ҷарима шудани бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз сӯи додгоҳи шаҳри Ваҳдат

24 декабр 2011, 07:10

Барои таҳқир ва тавҳини райиси маркази Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бародарон Тӯраҷонзодаҳоро додгоҳи шаҳри Ваҳдат муҷрим шинохта, онҳоро ба маблағи 350 сомонӣ барои ҳар кадоме ҷарима андохтааст.


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ростои шарҳи ин мавзӯъ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, мо аз ин ҳукм розӣ нестем, аммо шикоят ҳам нахоҳем кард. Ӯ афзуд, рӯзи гузашта (23-юми декабр) вай ва бародараш Нуриддинҷонро  ба додгоҳи шаҳри Ваҳдат даъват карданд ва додраси суд эълом кардааст, ки онҳоро ҷарима хоҳад кард.  Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода афзуд: “Бародарам Нуриддинҷонро дар он муқассир донистанд, ки вай Сайидмукаррам Абдулқодирзода, райиси Шӯрои уламои исломии Маркази исломии Тоҷикистонро “садқаи ин салла шав” ва “яҳудӣ” гуфтааст. Маро дар он муҷрим донистанд, ки оқои Абдулқодирзодаро пайрави Салафия номидам. Додгоҳ аз назароти мо сарфи назар кард».

-Салафӣ номидани раиси Шӯрои уламои исломӣ таҳқир нест, балки мансубияти  ӯ ба равия ё ақидаеро нишон медиҳад,-мегӯяд Тӯраҷонзода. Ҳамзамон, номбурда мегӯяд, ки аз тасмими худ барои ба додгоҳ кашидани Сайидмукаррам Абдулқодирзода даст намекашад, зеро “райиси Шӯрои уламои дин вай ва бародарашро ба пайравӣ аз мазҳаби шиа муттаҳам кардааст .

Ёдрас менамоем, ин қазия аз рӯзи 2-юми декабр шурӯъ гардид. Он замон дар масҷиди «Муҳаммадия»-и маҳаллаи Туркободи шаҳри Ваҳдат, ки имомхатибии онро Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, яке аз дигар бародарони эшон ба зимма дорад, аз шаҳодати Имом Ҳусайн- набераи Муҳаммад пайғамбар (с) ёдоварӣ карданд. 6-уми декабр бошад, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баёнияе интишор кард, ки дар он аз аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом интиқоди шадид мешуд. Шӯрои уламо гуфт, як чунин маросими барои аҳли суннат "бегона" барои мусулмонони Тоҷикистон пайомадҳои ногувор дар пай дорад. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад карда иброз дошт, ки ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!