Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:53

Духтари 23-сола зери чархи комбайни ғалладарав монд

26 декабр 2011, 05:05

Дар пайи ду сониҳаи нақлиётӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 2 нафар ҷони худро аз даст доданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ронандаи комбайни «СК-5М-1» Нурулло Қаршибоеви 28- сола аснои ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, дар километри 234-уми ҳудуди деҳаи  Лақати ҷамоати Коммунизм  аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тулганой Ҳамдамоваи 23 сола, сокини  ҷамоати  Коммунизм, деҳаи Лақатро   пахш намудааст, ки дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ  бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин ба ҳамин ҳодиса монанд, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Сунатҷон Валиеви 18 сола, сокини шаҳи  Қайроққум зимни ҳаракат дар шоҳроҳи Чойруҳ-Хуҷанд қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, ба канори чапи роҳ чаппа шудааст, ки дар натиҷа, сарнишини мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!