Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 25 июн 2017, 15:35

Суғд: Дар Хуҷанд 212 тонна меваю сабзавот ба фурӯш гузошта шуд

26 декабр 2011, 05:46

Дар шафати майдони «Ситораҳои Хуҷанд», касабаи 12-ум ва маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Конибодом, Истаравшану Ғончӣ, Спитамену Зафаробод, ҳамчунин аҳли заҳмати корхонаҳои коркарди маҳсулот ва муассисоти тобеи Иттифоқи матлуботи вилоят, Агентии захираҳои моддӣ бо мақсади ғановати дастархони солинавии шаҳриён дар маҷмӯъ 212,9 тонна меваю сабзавот, зироатҳои  полезӣ, гӯшту консерв, 8 ҳазор дона тухм ва дигар намудҳои маҳсулотро ба маърази намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Ҳамчунин намояндагони Ассотсиатсияи асалпарварӣ, қаннодони соҳибҳунари хуҷандӣ дар шафати намоишгоҳ растаҳои алоҳида ороста, шириниҳои Хуҷандро ба ихтиёрдории харидорон пешниҳод карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!